Тоҷиддин Пирзода дубора ба раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баргашт. Маъмурияти муваққатии аз ҷониби Бонки миллӣ ба ин муассисаи молӣ таъиншуда рӯзҳои наздик кори худро ба итмом мерасонад.
Рӯзи 12 декабр маъмурияти муваққатии бонк, ки муддати 7 моҳ дар он фаъолият дошт, Тоҷиддин Пирзодаро ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» муаррифӣ намудааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2016 Тоҷиддин Пирзода ва 6 нафар мувоинони ӯ аз идораи «Тоҷиксодиротбонк» муваққатан барканор шуда буданд.
Зикр гардида буд, ки ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, барои ба эътидол овардани вазъи молии «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Тибқи баъзе маълумот, 80%-и саҳмияҳои бонк ба ихтиёри давлат гузаштаанд. Айни ҳол окшор кардани аз куҷову бо кадом шартҳо ҷалб гардидани ин маблағ баҳри наҷоти бонки мазкур муяссар нашуд.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, дар маҷлисе, ки Тоҷиддин Пирзода муаррифӣ шудааст, зикр гардидааст, ки вазифаи асосии маъмурияти нав пурра пардохт кардани қарзҳои мизоҷон мебошад.