Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон доир ба азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе протокол ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи моҳи апрели соли 2017 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани намоиши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон низ протокол имзо шуда, дар ин намоиш аз ҷумла маҳсулоти саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба маърази тамошо гузошта мешавад ва дар доираи кори ин намоиш бори нахуст дар таърихи давлатҳо ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. «Ғайр аз ин, ҷонибҳо бобати тобистони соли оянда дар Тоҷикистон баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон низ созиш ҳосил карданд», - гуфт манбаъ.

Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов ба васоити ахбори умум иттилоъ додааст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа дар бораи кам кардани коэффисиенти ҳамлу нақл дар роҳи оҳан ва аз ҷониби саноатчиёни ӯзбек харидорӣ шудани алюминий аз Тоҷикистон санадҳои дахлдор ба имзо расидаанд.