Telia Sonera иттилоъ дод, ки мақомоти андози Тоҷикистон оператори алоқаи мобилии Tcell-ро ба маблағи 155 млн. сомонӣ ҷарима кардаанд, ки ба ҳудуди 20 млн. доллар баробар аст.
Дар изҳороти расмии холдини телекоммуникатсионӣ дар сомонааш дар ин робита қайд мешавад, ки 155 млн. сомонӣ ба сифати андозу ҷарима аз рӯи санҷши пардохти андоз муқаррар шудааст, ки давраи аз моҳи майи соли 2015 то моҳи июни соли 2016-ро дар бар мегирифт.
Дар ширкат ҳамчунин зикр мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон эътирозҳо доир ба андозро ба даромадҳои имконпазир нисбат медиҳад, ки онро касе ба ширкат кафолат дода наметавонад.
«Инро онҳо даромадҳои истифоданашуда меноманд, вале дар қонунгузории андози Тоҷикистон чунин мафҳум вуҷуд надорад», - қайд мешавад дар изҳороти ширкат.
Ҳамчунин дар изҳорот гуфта мешавад, маблағи ҷаримаи басташуда аз тамоми даромади оператори мобилӣ дар соли 2015 зиёдтар аст.
Ноиби президенти Telia Sonera Эмил Нилсон изҳор доштааст, ки аз вазъи ҷойдошта дар ширкат, ки комилан қобили қабул нест, хеле нигаронанд ва вобаста ба ин вазъ, ширкат метавонад ба сарбории ҷиддии молиявӣ дучор гардад.
Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз аз шарҳу тавзеҳи изҳороти Telia Sonera худдорӣ варзида, зикр карданд, ки пагоҳ зимни нишасти хабарӣ муфассал дар ин бора маълумот дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки 7 сентябри соли гузашта Ширкати Telia розӣ шуд созишномаи фурӯши 60% саҳмияи худро дар ширкати холдингии “Central Asian Telecommunications Development B.V.” (CATD B.V.), ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ба имзо расонад.
Нархи фурӯш дар асоси арзиши ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ки 66 миллион доллари ИМА ро ташкил медиҳад, аз он 60% саҳмия, яъне 39 миллион доллари ИМА ба ширкати Telia тааълуқ дорад, ҳисоб карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дигар ширкати алоқаи мобилӣ - «Вавилон-М» низ ба маблағи 341 млн. сомонӣ ҷарима шуда буд. Ширкат ҳамаи баҳсҳои судӣ бо мақомоти андозро бохт. Айни замон ширкат қисм-қисм қарзҳояш нади Кумита андозро пардохт мекунад.