Ҳайати Тоҷикистон иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ имрӯз ба пойтахти Русия раҳсипор мешаванд.

Ба савол дар бораи аз имрӯз ҷорӣ шудани манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягии «Уралские авиалинии» ва «ЮТэйр» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки инро вақт нишон медиҳад.

«Ҷониби Русия алҳол доир ба манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ҳеҷ посухе надода, танҳо ба гуфтушунид даъват кард, - гуфт як манбаъ дар Вазорат. - Доир ба манъи парвозҳо гуфта метавонам, ки агар онҳо ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати мо иҷозат диҳанд, мо ҳам аз манъкунӣ даст мекашем».

Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад.

Имрӯз аз шаҳри Хуҷанд ширкатҳои зерин парвозҳо ба шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд: «Сибирские авиалинии» (Маскав, Новосибирск), «Глобус» (Новосибирск), Nordstar (Санкт-Петербург), UTair (Нижневартовск, Сургут, Тюмен, Маскав), «Уралские авиалинии» (Ростов-на-Дону, Екатеринбург, Самара, Санкт-Петербург, Красноярск), «Тоҷик Эйр» (Жуковский, Екатеринбург, Нижневартовск, Новосибирск, Санкт-Петербург. Ҳамаи ин ширкатҳо иҷозатнма дошта, парвозҳо тибқи зарурат ва мувфиқи имкон сурат мегиранд.

Аз шаҳри Кӯлоб ба Русия (Маскав) парвозҳо танҳо аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода шуда, лекин ширкатҳои «Сибирские авиалинии» ва «Тоҷик Эйр» низ иҷозатнома доранд.

Аз шаҳри Душанбе хатсайрҳои ширкатҳои зерин ба шаҳрҳои Русия амал мекунанд: «Сомон Эйр» (Маскав, Новосибирск, Екатеринбург, Сочи, Қазон, Красноярск, Иркутск, Краснодар, Санкт-Петербург), «Тоҷик Эйр» (Маскав, Екатеринбург, Новосибирск), UTair (Маскав), «Уралские авиалинии» (Жуковский, Санкт-Петербург, Краснодар, Красноярск, Қазон, Уфа, Самара, Екатеринбург, Челябинск), «Сибирские авиалинии» (Новосибирск).