Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳёнро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ буда, ба татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи оливу баланд зимни мулоқоту музокироти ҷонибҳо ҳосил шуданд, ҳавасмандии зиёд дорад.

Дар суҳбати пурмуҳтаво аз сатҳи ҳамкории сиёсӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ карда шуда, яксон ва ё наздик будани мавқеи ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид.

Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ҳамин замина таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳи бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон инчунин фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ зарур шуморида шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Арабва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир ҳамфикрӣ баён карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.