Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи барқарор шудани парвози мунтазам тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе - Хоруғ маълумот дод.
Парвоз тариқи хатсайри мазкур аз 7 июл барқарор шуда, парвоз аз Душанбе ба Хоруғ ҳамарӯза соати 07:00-и субҳ сурат мегирад. Вақти парвоз 1 соату 15 дақиқа тӯл кашида, нархи ҳадди ақали билет ба он - 680 сомонӣ аст.
Ба гуфтаи директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов, баъди анҷоми корҳои таъмиру таҷдид ҳавопаймои Ан-28 пурра ба иҷрои парвозҳо омода шуда, дар сурати зарурат, ширкат метавонад шумори парвозҳои ба ин самтро то се парвоз дар як рӯз зиёд кунад ва иҷрои парвозҳои иловагӣ ба талабот ва шумори мусофирон вобаста аст.
Ҳамчунин дар ширкат иттилоъ доданд, ки парвоз ба ин самт барои кӯдакони синни то 5-сола бепул ва кӯдакони синни аз 5 то 12-сола 50% аз арзиши билетро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Қирғизистон (Бишкек), Қазоқистон (Алмаато), Эрон (Теҳрон), Ҳиндустон (Деҳлӣ) ва Федератсияи Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Новосибирск) анҷом медиҳад.
Барои анҷоми парвозҳои мазкур тариқи хатсайрҳои маҳаллӣ ва байнулмилалӣ аз ҳавопаймоҳои навъҳои Boeing 767–300, Boeing 757–200, Boeing 737–300, Ан – 28 ва ҳамчунин чархболи Ми–8 истифода мешавад.
Дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ ҳамчунин зикр карданд, ки дар сурати саволе пайдо шудан аз ҷониби мусофирон, мутахассисони ширкат барои посух ба онҳо ва ҳалли мушкилоту тарҳрезии сафари мусофирон омодаанд.
Рақами шабонарӯзӣ фаъоли маркази маълумотномадиҳӣ (Call)-и “Тоҷик Эйр”- (+992) 905 100 200;
Телефони нуқтаи фурӯши билетҳои “Тоҷик Эйр”: (+992 48) 701 50 42.