Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии «Тоҷикистон-2017» ба кор шурӯъ намуд. Дар он молу маҳсулоти ширкатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Беларус, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин ва дигар кишварҳо ба намоиш гузошта шудааст.

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин чорабиниро рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоягузорон барои рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, афзоиши имконоти содиротии кишвар унвон мекунад.

Мо аз намоишгоҳи мазкур боздид кардем.

1/13