Моҳи декабр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,3 фоизро ташкил дода, ҳамин тариқ, соли 2017 болоравии нарху тарифҳо то ба 6,7 фоиз расид.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона - 4,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ - 1,2 фоиз ва хизматрасониҳо - 1,2 фоизро ташкил додааст.

Сатҳи начандон баланди тавррумро дар Бнки миллӣ пеш аз ҳама ба сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, сатҳи муътадили талаботи дохилӣ, нисбатан ба эътидол омадани қурби пули миллӣ ва коҳишёбии интизориҳои таваррумӣ дар нимаи дуюми сол нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, сатҳи таваррум дар соли 2017, аз сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок барои давраи миёнамуҳлат муайяншуда (7,0 фоиз) андаке пасттар ҷамъбаст гардида, ба 6,7 фоиз баробар шуд. Дар соли 2018 низ нигаҳдории чунин сатҳ ба нақша гирифта шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1 фоизро ташкил дод. Тайи солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 - 5,1 фоиз сабт шудааст.