Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ чанде қабл бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷонибҳо таъкид доштанд, ки имконоти фарохи мавҷуда бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки Фонди муштараки сармоягузории мустақим ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар таъсис дода шавад.

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур ҳамчунин ҳамраиси комиссияи муштарак аз ҷониби Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фарух Ҳамрализода бо Муовини вазири савдо ва саноати Саудӣ Моҷид ал-Бовардӣ, Муовини раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ Айид Ал-Утайбӣ ва Мудири иҷроияи Сандуқи Саудии рушд Юсуф Албассом мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Рӯзҳои 2 ва 3 апрел дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ҳамчунин ду форуми соҳибкорию сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Риёз инчунин мулоқоти Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Раиси Кумитаи сайёҳӣ ва осори ватании Арабистони Саудӣ Шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд басо судбахш доир гардид.