Ҳаҷми сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 20 млн. то ба 500 млн. сомонӣ зиёд мешавад.

Тағйироту иловаҳои дахлдорро ба қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз, 25 май қабул кард.

Зимни шарҳи лоиҳаи тағйироту иловаҳо раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳо «бо мақсади таъмини сатҳи кофӣ будани сармоя барои пешбурди сиёсати пурсамари пуливу қарзӣ» пешниҳод шудааст.

«Бо назардошти афзудани амволи Бонки миллӣ, муқаррар шудани ҳаҷми сармояи оинномавӣ ба маблағи 500 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст», - гуфт номбурда.

Нурмаҳмадзода бар ин назар аст, ки муқаррар шудани сармояи оинномавӣ дар чунин сатҳ ба афзоиши захираҳои Бонки миллӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Зимнан илова шуд, ки сармояи оинномавии амалкунандаи Бонки миллӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ ҳанӯз соли 2002 муқаррар шуда буд.

Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», ҳаҷми сармояи оинномавӣ тибқи қарори Раёсати БМТ бо розигии президенти ҶТ ва минбаъд тасдиқи он дар палатаи поёнии парлумон зиёд шуда метавонад.

Сармояи оинномавии Бонки миллӣ аз сарчашмаҳои дар ихтиёри БМТ қарордошта: фондҳои асосӣ, маблағҳо аз даромади софи Бонки миллӣ, воситаҳои ҷудошуда аз буҷет ташаккул меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.