Дар Тоҷикистон Шӯрои миллии суботи молиявӣ таъсис дода шуд, ки ба ошкор намудани хатарҳои мунтазам дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳои коҳиши ин гуна хавфҳо машғул хоҳад шуд.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ охири моҳи июн қабул шудааст.

Ҳайати Шӯро аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуда, ба он роҳбарони вазорату идораҳое, ки бевосита ба нигаҳдории суботи молиявӣ сарукор доранд, дохил мешаванд.

Шӯро на камтар аз як маротиба дар ним сол ҷаласа мегузаронад. Раёсат дар Шӯро ба дӯши вазири рушди иқтисод ва савдо вогузор шуда, вазири молия муовини ӯ ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон котиби ҳамоҳангсози Шӯро таъин мешавад.

Мувофиқи муқаррарот, Шӯро мунтазам бояд суботи молиявиро арзёбӣ намуда, таъсири хатарҳои имконпазири оянда ба онро муайян созад.

Таҳия, баррасӣ ва амалисозии нақшаҳои фаврӣ оид ба бартараф намудани таъсири буҳронҳои иқтисодӣ ва молиявӣ аз ҷумлир вазифаҳои аввалиндараҷаи Шӯро маҳсуб меёбад.

Аъзои Шӯро ба омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи пешқадам дар соҳаи танзим ва назорати бахши молиявӣ уҳдадор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли охир Тоҷикистон дар вазъи душвори молиявӣ қарор дорад. Ҳукуматдорон сабаби инро ба таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбати Русия, ки шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст, ҷорӣ кардани таҳримҳо марбут медонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.