Хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил наздики 60 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 16% аз нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Аз оғози мавсим то 18 сентябр 59 ҳазору 413 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 16,2% аз нақшаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Аз ҷумла дар вилояти Хатлон – беш аз 45,7 ҳазор, вилояти Суғд – 12,4 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ – зиёда аз 1,2 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ба хирманҳо рехта шуд.

Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар Тоҷикистон имсол охири моҳи август шурӯъ шуда, пунбадона дар майдони 187,5 ҳазор гектар кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёд аст.

То охири мавсим ҷамъоварии наздики 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта ҳудуди 390 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар ва ашёи хом барои саноати сабуки ватанӣ ба шумор рафта, ҳукуматдорони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки мақоми стратегии ин навъи зироатро ба пахта дубора баргардонанд.

Ҳанӯз соли гузашта зиёд кардани майдони кишти пунбадона дар ҷумҳурӣ оғоз гардида, барои кишти пунбадона заминҳои кишти зироати ғалладона ва хӯроки чорво тақрибан 12 ҳазор гектар кам карда шуд.

То ин замон заминҳои кишти пахта дар Тоҷикистон тӯли солҳои зиёд кам шуда, мутаносибан ҳосили он ҳам коҳиш меёфт. Агар соли 2012 барои кишти пунбадона наздики 200 ҳазор гектар замин ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2016 ин рақам ҳамагӣ 160 ҳазор гектарро ташкил медод.

Ҳамин тариқ, соли 2012 кишоварзони тоҷик – 418 ҳазор, соли 2013 – 393 ҳазор, соли 2014 – 372 ҳазор, соли 2015 – 335 ҳазор ва соли 2016 – 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карданд.

Соли 2017 бори нахуст тайи солҳои охир ба кишоварзони тоҷик муяссар шуд, ки ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақшаро 5,2% барзиёд иҷро кунанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар баробари алюминий пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар ва воситаи муҳими даромад ба буҷети давлатӣ шуморида мешуд. Солҳои 80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳамасола то 800 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда мешуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.