Дар рейтинги Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат 2019” (Doing Business 2019) мақоми Тоҷикистон се банд поин рафта, байни 190 кишвари саросари ҷаҳон мақоми 126-умро ишғол намуд.

Дар муқоиса бо соли гузашта таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) аз 10 нишондиҳандаи Doing Business мавқеи Тоҷикистонро дар 7-тоаш поин бурданд.

Аз ҷумла:

-бақайдгирии корхонаҳо (зинаи 60-ум, - 3 мавқеъ);

- андозбандӣ (зинаи 136-ум, - 4 мавқеъ);

-таъмини иҷрои қарордодҳо (зинаи 61-ум, - 7 мавқеъ);

- ҳифзи сармоягузорони миноритарӣ (зинаи 38-ум, - 5 мавқеъ);

- дастрасӣ ба қарзҳо (зинаи 124-ум, - 2 мавқеъ);

- васл шудан ба низоми таъмин бо барқ (зинаи 173-юм, - 2 мавқеъ);

- бақайдгирии моликият (зинаи 91-ум, - 1 мавқеъ).

Дар ҳамин ҳол, танҳо дар се нишондиҳандаи гузориш мавқеи Тоҷикистон беҳтар шудааст:

- иҷозати пардохтнопазирӣ (зинаи 146-ум, + 2 мавқеъ);

- савдои байнулмилалӣ (зинаи 148-ум, +1 мавқеъ);

- иҷозат ба сохтмон (зинаи 135-ум, + 1 мавқеъ).

Чун соли пешин Зеландияи Нав, Сингапур ва Дания пешсафони рейтинг мебошанд. Ба даҳгонаи кишварҳои дорои шароити бештар мусоид барои тиҷорат ҳамчунин Гонконг, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Норвегия, ИМА, Британияи Кабир ва Македония шомиланд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон мақоми 28-ум, Қирғизистон – 70 ва Ӯзбекистон зинаи 76-умро касб намуда, Туркманистон дар рейтинг ҳузур надорад.

Дар муқоиса бо соли гузашта Русия мавқеи худро 5 зина беҳтар намуда, айни замон дар мақоми 31-уми рейтинг қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.