Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 Тоҷикистон аз Қазоқистон ба маблағи умумии 194,7 млн доллар 596,1 ҳазор тонна гандум ворид кард.
Бино ба маълумоти хабаргузории «Зерно-онлайн» бо истинод ба ҶС «Центр развития торговой политики «QazTrade», дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (700,9 ҳазор тонна) воридоти гандум аз рӯи ҳаҷм ба андозаи 15% кам шуда, лекин аз рӯи нарх - 18,3% ё худ 30,1 млн доллар афзудааст.
Гуфта мешавад, нархи миёнаи воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 39% - то 330 доллар барои 1 тонна боло рафтааст.
Қобили зикр аст, ки байни маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон гандум дар зинаи аввал қарор дорад.
Тавре ки kaztag.kz хабар медиҳад, аммо сарфи назар аз коҳиши интиқоли зироати ғалладона, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ҳаҷми умумии савдои дуҷониба байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 979 млн долларро ташкил дод, ки 22% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Тибқи иттилои хабаргузорӣ, ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 55,5% зиёд шудааст.
Гуфта мешавад, ҳаҷми содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба андозаи 7% афзуда, зиёда аз 591 млн долларро ташкил додааст.
Ба ғайр аз гандум, Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон ба миқдори зиёд маргарин ва маҳсулот аз пӯлод интиқол додааст.
Дар навбати худ, Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 122 млн доллар маъдану консентрати мис, то 15 млн доллар - хушкмева ва чормағз, ба маблағи 6 млн доллар - ангури тару тоза ва хушкшуда фиристодааст.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста