Ҳаҷми маблағгузорӣ ба Стратегияи рушди иқтисоди сабзи Тоҷикистон дар давраи солҳои 2023-2037 21,6 млрд сомониро ташкил хоҳад дод.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар ин бора рӯзи 6 декабр дар Душанбе зимни машварат оид ба мавзӯи рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон хабар дода шуд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фарҳод Восидиён зикр кард, ки 30 сентября соли 2022 Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул шуд.
Мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.
Гуфта мешавад, ҳаҷми маблағгузрории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ намудааст, ки дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.
Вобаста ба ин аз шарикони рушд даъват ба амал оварда шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва сифатноки Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми арзандаи худро гузоранд.
Иқтисодиёти «сабз» ба маънои васеъ чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ маҳсуб меёбад, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад». Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста