Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода хабар дод, ки мавриди истифода қарор додани корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии “ТоҷикАзот” дар арафаи ҷашни Наврӯз дар назар аст. Қаблан Вазорати саноат ваъда дода буд, ки корхона тирамоҳи соли 2022 ба кор дароварда мешавад.
“Дар баробари сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ низ яке аз омилҳои асосии таъсир ба арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд”, - гуфт Ҳакимзода.
Ба гуфтаи ӯ, имсол ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳудуди 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид карда шуд, ки нисфи талаботи бахши кишоварзиро ба ин маҳсулот таъмин месозад.
“Барои ба даст овардани ҳосили хуби зироатҳои кишоварзӣ ба Тоҷикистон ҳамасола на камтар аз 400 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ лозим аст.
“Ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии азотӣ дар ҷумҳурӣ - “ТоҷикАзот” дар Сарбанд бояд дар арафаи ҷашни Наврӯз ба кор даромада, навбати аввали он метавонад зиёда аз 100 ҳазор тонна карбамид истеҳсол кунад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатҳои нав, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот метавонад то ба 200 ҳазор тонна расонида шавад”, - изҳор дошт вазир.
Зимнан зикр шуд, ки “ин метавонад ба таври назаррас вазъи мушкилро дар бозори нуриҳои минералӣ осонтар гардонад”.
Комбинати дуюми истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар кишвар метавонад "ТАЛКО Кемикал” шавад. Дар он нуриҳои минералии фосфорӣ - суперфосфат ва нитрофосфат истеҳсол хоҳанд шуд. Лекин ҳоло дар бораи кай ба истифода додани он ҳеҷ гапе нест.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисоди ҷумҳурӣ, то соли 2025 Тоҷикистон воридоти нуриҳои минеалиро то 309 ҳазор тонна зиёд мекунад.
Айни замон нархи 1 кило нурии минералии азотӣ вобаста ба номгӯй аз 7 то 12 сомониро ташкил медиҳад.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста