Дар Тоҷикистон 3 кон ва 15 зуҳуроти фосфорит мавҷуд буда, барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, имсол коркарди онҳо оғоз мегардад.

Роҳбари Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳом Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита хабар дод, ки захираи пешбинишудаи фосфоритҳо тақрибан 65 млн тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон фосфоритҳо дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон мавҷуданд. Кони Ревад дар Панҷакент кони аз ҳама бештар омӯхташудаи фосфорит мебошад.

Фосфоритҳои Тоҷикистон дар таркиби худ элементҳои гуногун дошта, аз микронуриҳо метавон сангҳои фосфат ба даст овард ва суперфосфат истеҳсол кард.

Тавре ки маълум аст, бахши кишоварзии Тоҷикистон ба ин нуриҳо ниёзи шадид дошта, онро дар ҳаҷмҳои зиёд аз хриҷа мехарад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ягон ширкат ба истихроҷи фосфорит ва коркарди он машғул нест.

Соли гузашта Вазорати саноат хабар дода буд, ки ширкати “ТАЛКО” дар Ёвон корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии фосфорӣ, аз ҷумла суперфосфат ва нитрофосфат месозад, ки бар асоси ашёи хоми истихроҷшуда аз конҳои Тоҷикистон истеҳсол мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.