Дар Тоҷикистон корҳои навсозии терминалҳои ташкилотҳои қарзӣ ва агентҳои пардохти бонкии онҳо ҷараён дорад. Корҳои таҷдид барои қабули пулҳои коғазии намунаи нав, ки соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нашр шудааст, гузаронида мешаванд.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, аксари терминалҳои дар кишвар фаъолиятдошта аз таҷҳизоти қабули пулҳои коғазии истеҳсоли хориҷӣ истифода мекунанд, ки дигар аз истеҳсолот гирифта шудаанд ва ба навсозии таъминоти барномавӣ барои шинохти пулҳои нав созгор нестанд. Таъминкунандаи ин таҷҳизот ба ташкилотҳои қарзӣ харидани модели навро пешниҳод кардааст, ки нархи 1 адади он 700-800 долларро ташкил медиҳад.

Аммо бо назардошти он, ки баъзе ташкилотҳои қарзӣ ва агентҳои онҳо шумораи зиёди терминалҳо доранд, якбора харидани таҷҳизот маблағи зиёдро талаб мекунад ва ин метавонад ба вазъи молиявии онҳо ва сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон таъсир расонад.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро муваззаф кардааст, ки то охири соли 2024 ҳама мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, қабули пулҳои навро дар терминалҳои амалкунанда таъмин кунанд. Барои ҳалли ин масъала ташкилотҳои қарзӣ ва агентҳои пардохти бонкӣ таҷҳизоти қабули пулҳои коғазиро дар терминалҳо тадриҷан иваз карда, инчунин навъҳои нави таҷҳизоти қабули пулҳои коғазии дигар истеҳсолкунандагонро бо арзиши камтар месанҷанд.

То 31 декабри соли 2023 551 терминал таҷдид шуда, мушкилоти мавҷудаи он бартараф ва қабули пулҳои коғазии намунаи нав таъмин карда шудааст. Дар назар аст, ки давоми соли 2024 қабули пулҳои коғазии нав аз ҷониби терминалҳо дар саросари қаламрави кишвар таъмин карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.