Байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки марказии Ӯзбекистон Созишнома дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба имзо расид.
Тавре ки шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, созишномаи мазкур ба густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, назорат дар маҳал ва назорати фосилавӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин ин санад ба назорати раванди қабул ва коркарди ҳисоботи молиявӣ, ошкор кардан ва мониторинги хавфҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, татбиқ ва корбурди стандартҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ, гузарондани стресс-санҷишҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва мубодилаи иттилоот шароити мусоид фароҳам меоварад.
Гуфта мешавад, созишнома дар доираи иҷлосияи баҳории кишварҳои узви Хазинаи байнулмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ имзо шуд. Зери созишномаи мазкур раиси БМТ Толибзода Фирдавс Нарзимад ва раиси Бонки марказии Ӯзбекистон Мамадризо Нурмуродов имзо гузоштанд.
Дар ҷараёни имзои санад роҳбарони бонкҳо масоили муҳими низоми бонкӣ ва молиявӣ, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи табодули иттилоот ва таҷриба баррасӣ карданд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста