Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ду нафар сокинони қишлоқи Мамадиёи ноҳияи Мӯъминобод Раҳматшо Алиеви 50-сола ва Ҷамшед Давлатови 23-сола бо ҷароҳатҳои бар асари сӯхтор гирифтаашон ба беморхона оварда шуданд.
Муовини сардори қисми сӯхторнишонии минтақаи Кӯлоб полковник Маҳмадулло Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ин ду нафар бар асари ҳодисаи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ осеб дидаанд.
«Ҳангоми аз як зарф ба зарфи дигар рехтани бензин ба иллати беэҳтиётии онҳо ду зарф сахт ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа шарора ба вуҷуд меояд ва бензин оташ мегирад, ки аз онҳо номбаршудагон зарар дидаанд, - идома дод ӯ. - То расидани мошин аз маркази ноҳия
Дар ноҳияи Мӯъминобод соли равон ин дуввумин ҳодисаи сар задани сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ аст: 27-уми июни соли ҷорӣ дар нуктаи фурӯши маводи сӯзишвории қишлоқи Хонатарош низ сӯхтор сар зада буд, ки аз он фурӯшандаи он Мирмад Исмоилов осеб дид. «Ба ҷабрдида дар ҷои ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шуд», - изҳор дошт М.Бозоров ва афзуд, ки он замон маблағи хисороти расида ба 300 сомонӣ баробар буд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста