Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд 8 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар километри 125-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанак ронандаи автомашинаи навъи «Опел Астра» Фурқат Элмуродови 27-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарёи Фондарё меафтад. «Ронанда ва се мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷасади яке аз мусофирон то ҳанӯз дарёфт нашудааст», - гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, боз як садамаи нақлиёт дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Мастчоҳ рух дода, бар асари фаромадани санг автомашинаи сабукрави ВАЗ-21011 ба ҷарии 300 метр сарозер рафтааст. «Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ронанда ва се мусофири он ба ҳалокат расиданд», - афзуд манбаъ.