Тарбиятгирандаи Маркази барқароркунии шаҳри Хуҷанд манзили мураббии худро оташ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл шахсони номаълум шабона манзили зисти мураббии Маркази барқароркунӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Хуҷандро оташ задаанд. Соҳибхоназан осеб надидааст. Оташ майдони 18 метри мукаабро фаро гирифта, ба соҳибхоназан тахминан ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ зарар расонид.

Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ба гумони даст доштан дар оташзанӣ тарбиятгирандаи маркази зикршуда, ноболиғ А.Г.-и 13-сола боздошт гардидааст.

Дар Раёсати корҳои дохилии вилоят қайд карданд, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 255, қисми 1-и КҶ ҶТ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тафтишотро мебояд сабабҳои ба ин амал даст задани ноболиғро муайян намояд.