Бар асари сӯхторе, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе рух дод, се нафар фавтида, як тан бо осори сӯхтагиҳои зиёд ба бемористон бистарӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти оташнишонӣ хабар доданд, ин ҳодиса субҳи имрӯз, тақрибан соатҳои 9 дар хобгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ воқеъ дар кӯчаи Пайрав Сулаймонӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар манзили сӯхта оилаи Мирзо Қаюмов зиндагӣ мекардаанд. Дар натиҷаи сӯхтор ҳамсари ӯ – Бунафша Мирзоеваи 34-сола ва ду писараш – Сафари шашсола ва Комрони 10-сола ба ҳалокат расида, Даврони 12-сола ба бемористон мунтақил гардидааст. Ҳангоми сар задани сӯхтор Мирзо Қаюмов дар хона ҳузур надоштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ҷойи сӯхтор се гурӯҳи оташнишонӣ сафарбар шуда, оташ дар муддати кӯтоҳ хомӯш карда шудааст. Айни замон сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари расонидаи он муайян карда мешаванд.