Санаи 12-уми март дар маркази шаҳри Душанбе бар асари ба болои автомашина афтодани дарахт Баҳром Каримови 41-сола ба ҳалокат расид. Ӯ дар курсии пеши автомашинаи «Нексия» нишаста буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, ин ҳодиса тахминан соатҳои 14:06 ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваста, дарахт ба болои мошини ҳаракатдошта таҳти идораи Фатҳиддин Халифаеви 31-сола меафтад. Ронанда дар бемористон бистарӣ аст.

«Гурӯҳи зудамали КҲФ соати 14:41 ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, соати 15:25 корҳои аз автомашина берун овардани осебдидагон ба анҷом расиданд», - зикр кард Нозимов. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ҳодисаи фоҷеабори мазкур дар кӯчаи Пушкин, рӯ ба рӯи фабрикаи «Гулистон» рух дод. Дар наздикии ҷойи афтидаи дарахт корҳои сохтмонӣ анҷом дода мешаванд.