Корманди филиали ширкати Innovative road solutions (IRS) Ниёзқул Қулов ҳангоми тозакунии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ зери тарма монд.
Тавре аз филиали ширкати мазкур хабар доданд, санаи 13 марти соли 2012 пас аз гирифтани иттилоъ оиди фаромадани тарма ва баста шудани роҳ дар километри 118-ум усто Н.Қулов ҳамроҳи ронандаи экскаватор А.Ҷумъаев ба маҳалли ҳодиса мераванд. «Дар ҳарду тарафи тарма зиёда аз 10 мошин дармонда буд. Механизаторон роҳро барои гузариши мошинҳо тоза карда, аз пайи васеъ кардани қисми мошингузари роҳ аз барф мешаванд», - гуфтанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳангом тармаи навбатӣ фаромада, экскаваторро зер мекунад ва усто Қулов Ниёзқулро, ки ба кори техника роҳбарӣ мекард, ба ҷарӣ мебарад. Ронандаи экскаватор А.Ҷумъаев осеб надид.
Зикр гардид, ки ҷустуҷўи Қулов Н. аз тарафи кормандони ширкат ва сокинони ноҳияи Айнӣ то ҳол натиҷае надодааст.
Дар ҳамин ҳол, дар филиали ширкат зикр карданд, ки то ҳанӯз ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барқарор нашудааст.
Ҳамакнун танҳо қитъаи аз километри 69 то 73-юм боқӣ мондааст, ки аз соати 6-00 субҳи имрўз механизаторон корро дар ин қитъа оғоз намуданд. Вале мутахассисон мегўянд бориши барфе, ки дирўз шабона ба амал омада буд, эҳтимоли зиёд боиси тармафароии такрорӣ дар аксари қитъаҳои тозакардашудаи роҳ гардад.
Дар ширкат ҳамчунин гуфтанд, пас аз тоза кардани қитъаи роҳ аз километри 45 то 62-ум гузариши корвони мошинҳоеро, ки теъдодашон зиёда аз 70 адад буду дар мавзеи Майхура қарор доштанд, ба самти Душанбе таъмин карда шуд.
Имкони охирини боксиёни тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?
Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста