Бинобар сабаби сангфароӣ шаби гузашта дар километри 439-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ қатъ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл ба кормандони воҳидҳои истифодабарии роҳ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки роҳҳои автомобилгард миёни шаҳрҳои Хоруғ, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва Душанберо аз барфрезаҳо тоза намоянд. Ҳамин тариқ, пас аз таваққуфи шашрӯза ҳаракати нақлиёт ба маркази маъмурии Бадахшон барқарор шуда буд, вале офати табиӣ боз ба ин монеъ шуд.
Имрӯз дар макони сангфаро корҳои таркишӣ гузаронида мешаванд. Аз Вазорати нақлиёт итминон доданд, ки то шоми мрӯз ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ барқарор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт миёни Душанбе ва вилояти Суғд пурра барқарор гардид, вале то ҳанӯз дар ағбаҳо хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста