Тайи рӯзҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи заминларза рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи ахир субҳи имрӯз соати 07:03 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, дар Душанбе қувваи заминларза 3 балл ва дар маркази он, дар 21 километрии ҷанубу шарқи пойтахт 4 баллро ташкил додааст. Маркази заминларза дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат, деҳаи Андигон воқеъ будааст.

Шоми дирӯз соати 17:03 дақиқаи вақти маҳаллӣ низ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуда, тибқи маълумоти пешакии обуҳавошиносон, дар марказ, қаламрави ноҳияи Ваҳдат қувваи он ба 5 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 4 балл баробар будааст.

Қабл аз ин, рӯзи якшанбе соати 10:15 дақиқа бо вақти маҳаллӣ низ заминларза эҳсос гардида, қувваи он дар марказ 5 балл ва шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, заминларзаи қувваи 5,2 балл дар 21 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, 11 километрии шимолу ғарби шаҳраки Ёвон ба қайд гирифта шуда, маркази он дар чуқурии 17,8 километр воқеъ будааст. Дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ маъълумот дода намешавад.