Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шуда буданд, муайян намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, инҳо сокинони деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Абдуманнон Сангинбоеви 31-сола ва Сайриддин Мутрифови 23-сола мебошанд.
«Ба гуфтаи консули генералии мо дар Екатеринбург Парвиз Асоев, ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба қазия онҳо бо мақомоти дахлдори минтақа ҳамкорӣ дошта, айни замон ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят ду нафар шаҳрвандон – Р.А. ва К.А. боздошт ва масъалаи ба ҳабс гирифтани онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», - гуфт ӯ.
Ба қавли Эгамзод, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки куштор бо мақсади ғоратгарӣ сурат гирифтаааст.
«Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои марбутаи дипломатии Маскав ва Екатеринбург супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо роҳбари диаспораи тоҷикон дар вилояти Челябинск, узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат Исломиддин Раҷабов ҷиҳати ҳалли масъалаи ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасади фавтидагон тадбирҳои зарурӣ андешанд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12-уми ноябри соли ҷорӣ дар яке аз хонаҳои деҳаи Кайгородовои ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябински Русия ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захми зарбаву бурида дарёфт шуд. Ин ҳодиса боиси нигаронии сафорати Тоҷикистон дар Русия гардид.
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста