Шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд ва аз рӯи маълумотҳои пешакӣ талафоти  ҷонӣ низ ҷой дорад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷаи ҳодисаи мазкур хоҷагии қишлоқ зарар дида, талафоти ҳайвоноти шохдори хонагӣ низ ба амал омадааст. «Инчунин, хоҷагии кишоварзӣ дар деҳаҳои Панҷосиёб, Ғарабдара ва Лойлуқаи ҷамоати деҳоти Зардори шаҳри Кӯлоб низ аз боришоти сел зарар дид», - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бо супоришу дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон дар ҳайати Вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъсис дода шуда, гурӯҳи мазкур тариқи чархбол барои саривақт чораҷӯӣ намудан ва ба зарардидигон кӯмак расонидан, ба ҷойҳои ҳодиса сафар намуданд.