Шабонарӯзи сипаришуда дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз сӯхтор одамон осеб надидаанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳодисаи аввал рӯзи чоршанбе шомгоҳон дар манзили сокини шаҳри Конибодом, Қурбон Ҳоҷиматови 51-сола рух дода, сӯхтор бар асари нодуруст гузоштани оташдони хона сар задаааст ва зиёни расида аз он 4 ҳазору 150 сомониро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаи дигари сӯхтор дар хонаи сокини 63-солаи пойтахт Солеҳ Иброҳимов ба амал омада, сӯхтор дар натиҷаи нодуруст гузоштани «фаршҳои гарм» сар задааст. Зиёни расида 2 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, ба оташнишинон муяссар гардидааст, ки амволи соҳибхона ба маблағи 55 ҳазор сомониро аз коми оташ наҷот диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар яке аз синфҳои ноҳияи Ховалинг бо айби фаррош сӯхтор сар зада, ҳаҷми зиёни расида 600 сомониро ташкил додааст ва ба кормандони хадамоти оташнишонӣ наҷоти амволи мактаб ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ муяссар шудааст.