Дар шаҳри Турсунзода боз як ҳодиса куштори бераҳмона рух дод. Сокини 25-солаи шаҳри Турсунзода дар қатли ҳамсари ҳомиладор ва хушдоманаш гумонбар дониста мешавад. Ҳамчунин хоҳарарӯси мард низ бо захмҳои вазнини корд дар бемористон бистарӣ шудааст.

Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар қатли ду нафар Ҷамшед Раҳимов боздошт шудааст. Бино ба маълумоти мақомоти интизомӣ, бар асари муноқиша ин мард ба ҳамсари ҳомиладори худ, Фазилат Раззоқоваи 25-сола бо корд якчанд зарбаи марговар зада, дар ҷойи ҳодиса модари зан - Манзура Абдуллоеваи 48-сола низ ҳалок шудааст. Нигора Раззоқоваи 28-сола, хоҳарарӯси мард, ки дар ҷойи ҳодиса будааст, низ ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардоштааст. Мард боздошт шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Ба мо муяссар шуд, ки ба баъзе аз ҷузъиёти ин ҳодиса рӯшанӣ андозем. Ба қавли ҳамсояҳои занҳои кушташуда, ин ҷиноят шоми рӯзи 13 июн дар микрорайони 1-уми шаҳри Турсунзода содир шудааст.

Тавре маълум шуд, Ҷамшед Раҳимов чанд рӯз қабл аз ҳодиса бо ҳамсараш ҷанҷол карда, зан ҳамроҳ бо ду кӯдакаш ба хонаи модраш меравад. Шоми рӯзи 13 июн мард ба дидорбинии кӯдаконаш меояд, вале ҳамсараш дарро намекушояд. Раҳимов аз ин ба ғазхаб омада, дарро мешиканад ва ба хона ворид шуда, бо корд ба ҳамсараш дармеафтад. Ин замон хушдоман ва хоҳарарӯси ӯ низ ҳозир мешаванд ва мард ба онҳо низ бо корд ҳамла кардааст. Бо шунидани дода фарёд ҳамсояҳо ба милиса занг мезананд. Танҳо бо дидани кормандони милиса, мард бо корд кӯшиш кардааст, ки худашро низ кушад. Рӯзи якшанбе, 14 июн модару духтари ҳалокшударо ба хок супурдаанд. Нигора Раззоқова то ҳол дар ҳолат вазнин дар бемористон қарор дорад.

Ба гуфтаи шиносҳои занони кушташуда, дар ин хонадон бар асари аз ҷониби мард таъмин нашудани рӯзгор, муноқишаҳо рух медодаанд. Мард ахиран дар ҷое кор накарда, ба соҳибкорӣ даст задааст, вале қарз гирифта, муфлис шудааст. Айни замон дарҳои манзиле, ки дар он куштор рух дод, муҳр зада шудаанд. Оилаи Раззоқовҳо, ки мардонаш дар шаҳр бо ҳунари кандакорӣ дар чӯб ва занонаш бо гулдӯзии миллӣ маъруфанд, ҳодисаи руходаро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки тайи чанд ҳафтаи ахир ин аллакай ҳодисаи сеюми куштор бо истифода аз кор дар шаҳри Турсунзода аст. Ахири моҳи май муаллими варзиши мактбаи №7-и шаҳр директор ва муовини директори мактабро бо корд ба қатл расонид. Аввали моҳи июн зани 37-сола, сокини ҳамин шаҳр бо корд шавҳарашро ба қатл расониданӣ шуд. Аз рӯйи ҳамин ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.