Кормандони милисаи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марди 56-сола, сокини ҳамин ноҳияро ба гумони қатли келинаш дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шоми рӯзи 13 июн миёни хусур ва келин муноқиша рух дода, дар ҷараёни он мард зани 25-соларо бо истифода аз милтиқи шикорӣ паррондааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зан аз захми бардошта аз силоҳи оташфишон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, далели шайъӣ - милтиқ мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шуда , тафтишот дар ин самт идома дорад.