- Дар истгоҳи назди фурудгоҳи Колсовои шаҳри Екатринбург як тоҷики 31-сола худро ба дор овехтааст, - хабар медиҳад имрӯз Комсомольская правда . Раҳгузарон ҷасади ӯро дида, ба кормандони мақомот дар ин бора хабар додаанд.

«Кормандони Кумитаи тафтишот ба ҷойи ҳодиса рафтанд, - шарҳ додаанд дар Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Свердловск. - Айни замон тамоми ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ дорем».

Феълан мақомоти пулис ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи тафтишот дар ҷойи ҳодиса машғули коранд. «Кормандони шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ аллакай шахсияти мард ва хешовандони ӯро муайян карданд, - гуфтааст роҳбари хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск. - Ҳалокшуда зодаи 31-солаи Тоҷикистон бо номи Муродбек аст. Маълумоте мавҷуд аст, ки Муродбек қаблан низ бо корд худашро куштанӣ шудааст, вале хешовандонаш аз фоҷеа пешгирӣ кардаанд. Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба худкушӣ даст задани ин шахсро таҳқиқ доранд».