Шаби 19 октябр бинобар сабаби боридани борони пуршиддат дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар километри 150-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба болои автомашинаи тамғаи “Ниссан-Сирена”, таҳти идораи ронанда, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдаанд, ки автомашинаро ба чуқурии 300-350 метр партофтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш худи ронанда, инчунин мусофирони ӯ, (бародаронаш) марди 49 ва 41-сола, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ барошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.