Рӯзи 22 сентябр аз назди ташнобхонаи манзили истиқоматии марди 60-солаи сокини деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара, аз чуқурии тахминан 1 метр ҷасади шаҳрванд Нурова Садафмо Фатҳиддиновна, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Қайнамаи ноҳияи Данғара, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо дасту по ва даҳони баста, дар дохили кӯурпа печонидашуда, дарёфт карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ва мақомоти Прокуратура дар ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор писари марҳум Миров Тағаймурод, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Сарбанд, ки пеш пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.