Ҷанҷолу занозанӣ миёни ҷавонон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ ба тирпарронӣ бадал гардида, дар натиҷа аз захми силоҳ сокини 33-солаи шаҳр Фирӯз Одинашоев ҳалок шуд.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 9 октябр миёни ҷавонони ду кӯчаи шаҳри Хоруғ муноқиша сар зада, ҷанҷол бо тирпарронӣ ва ҳалокати як нафар анҷом пазируфтааст.

Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гумони даст доштан дар куштор як нафар боздошт шудааст.

Тафтиши ҳодисаи мазкурро мақомоти прокуратураи ВМКБ ба уҳда дошта, аз дигар ҷузъиёти қазия дастрас кардани маълумот муяссар нашуд.