Се нафар сокинони деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент зери ярч монда, ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса рӯзи 12 октябр рух додааст.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин робита хабар доданд, ки бародарон Муҳиддинов Саиди 38-сола, Муҳиддинов Субҳони 25-сола ва бародарзодаашон Раббим Муҳидинови 20-сола ҳангоми гирифтани хок барои сохтани танӯр дар зери як теппа таги хок монда, ҳалок шудаанд.

Бародари калонӣ дар КМ «Зарафшон ба ҳайси ронанда кор карда, бародари миёна  муаллим дар мактаби маҳаллӣ ва хурдӣ донишҷӯ будаанд.