Ахири ҳафтаи сипаришуда  дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи  Қӯрғонтеппа-Сарбанд, ки ба шаҳрванд Раҳимов Саид, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти махсус ва дигар хадамотҳои дахлдор сафарбар шуданд.

Гуфта мешавад, ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидан муайян карда шудааст, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар автомашинаи газкашони тамғаи «Дулан, ки ба шаҳрванд Халилов Ҷавҳар Абдулҳалимович, соли таваллудаш 1990 тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст.


Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ мебошад, ки шарора ба амал омада, боиси сар задани ин ҳодиса гардидааст.