Дар минтақаи баҳсии марз байни вилояти Бодканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон рӯзи 3 апрел миёни сокинони деҳаҳои Уч-Добо (Қирғизистон) ва Хоҷа Аъло (Тоҷикистон муноқиша сар зад.
Ба гуфтаи котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев, муноқиша сари он сар задааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон худсарона дар қитъаи баҳсӣ девор сохтанӣ шудаанд.
«Сокинони деҳаи Хоҷа Аъло аз онҳо дархост кардаанд, ки бидуни огаҳии ҳукуматдорон ва розигии онҳо девор насозанд, лекин сокинони деҳаи кишвари ҳамсоя ба сӯи онҳо ба сангпартоӣ оғоз кардаанд», - гуфт Улуғхоҷаев.
Зимнан зикр гардид, ки сарҳадбонони тоҷик ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз идомаи муноқиша пешгирӣ кардаанд. «Дар ҷойи ҳодиса ба сарҳадбони тоҷик санг расида, ӯ ҷароҳати сабук бардошт», - илова кард номбурда.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста