Дар ноҳияи Панҷ ҳангоми ба ҷои бехавф кӯчонидани аҳолӣ аз хавфи сел бар асари боришоти шадид ду нафар кӯдакони хурдсол ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, соатҳои 3-4-и шаб ба ҷамоати Нури нави ноҳия сел омада, одамон шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд.

«Модари яке аз кӯдакони 1,7 сола хеле сахт фарзандашро ба қафаси синаи худ ҷафс мекунад, ки дар натиҷа ӯ нафасгир шуда, ҳалок мешавад, - хабар дод Умеда Юсуфӣ,роҳбари Кумита. - Кӯдаки 4-солаи дигарро модаркалонаш сахт дошта натавониста, маҷрои сел ӯро бо худ бурдааст».

Ба гуфтаи ӯ, бар асари боришоти шадиди рӯзҳои охир заминҳои кишт ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар ҷамоатҳои Нури нав, Озодагон, Намуна ва Сайфиддин Кабут осеб дида, аз ин маҳалҳо наздики 500 нафар ба макони амн кӯчонида шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар ноҳия таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Муҳаммадҷон Салимзода комиссияи махсус машғули кор аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои боронӣ дар кишвар то 20 май боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти зиёд дар дарёҳои қаламрави ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Хатлону Суғд болоравии сатҳи об дар назар буда, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ хавфи селфароӣ вуҷуд дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.