Ҳаракати нақлиёт тариқи нақби «Хатлон» (собиқ «Чормағзак»), ки дар роҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат - Кӯлоб - Хоруғ воқеъ аст, тақрибан муддати як моҳ қатъ мешавад.
Бар асари заминларза дар чанде аз қитъаҳои роҳ фурӯравии хок ба амал омада, айни замон ин ҷо корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд.
Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки фурӯравии хок дар чанде аз қитъаҳои роҳи нақб баъди як қатор заминҷуниҳо дар моҳи гузашта ба амал омадааст.
«Айни замон ширкати «Чайна Роуд»-и Чин, ки паймонокори ин иншоот аст, дар нақб корҳои таъмиру барқарорсозиро ба роҳ монда, анҷоми корҳо тахминан аввали моҳи оянда ба нақша гирифта шудааст», - гуфтанд дар вазорат ва илова намуданд, ки ҳозир ҳаракати нақлиёт бо ин роҳ тариқи ағбаи Чормағзак сурат мегирад.
Амалисозии лоиҳаи сохтмони нақби «Чормағзак» моҳи марти соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа аз ҷониби ширкати чинии «Чайна Роуд» аз ҳисоби қарзи ҳукумати Чин амалӣ шуд. Арзиши умумии лоиҳа наздики 300 млн. сомонӣ (тақрибан 70 млн. доллар бо қурби ҳамонвақта)-ро ташкил дод.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақб масофаи роҳи Душанбе - Ваҳдат - Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе - Бохтар - Кӯлоб 100 километр камтар шуд. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Аввали соли 2014 бо қарори ҳукумат, нақби «Чормағзак» ба нақби «Хатлон» табдили ном кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста