Дар қаламрави ВМКБ, дар 38 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ заминларза бо қувваи 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер сабт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, заминларза соати 16:34 дақиқаи рӯзи 18 август рух дода, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 18 август тахминан соати 13:52 дақиқа дар 18 километр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Тоҷикобод заминҷунбӣ сабт шуда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва дар ноҳияи Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло аз талафоти ҷониву хисорот хабар нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки 10 июл бар асари заминларза дар қисмати шарқии Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод 5 нафар ҳалок шуданд. Қувваи заминларза дар марказаш 5-6 баллро ташкил дода, он дар Душанбе ҳам эҳсос шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.