Яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ Толиб Аёмбеков дар ҷараёни як даргирии гурӯҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло”-и шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст.
Яке аз наздикони Аёмбеков ба “Азия плюс” гуфт, ки ҳодиса шаби 5 сентябри соли равон рух дод ва ҳангоми муноқиша дар тӯй нафаре бо ашёи сахти вазнин ба сари Толиб Айёмбеков задааст, ки дар натиҷа, ӯ ҷароҳати вазнин бардошт.
Гуфта мешавад, ки задухӯрд миёни як гурӯҳи ҷавонони эҳтимолан маҳаллаи Тирчид ва писару ҷияни Айёмбеков рух додааст.
Манбаъи мо гуфт, ки дар аввал ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқиша ва халалдор нашудани тӯй ин ҷавононро аз тарабхона бароварданд, вале пас аз чанде онҳо либосҳояшонро иваз карда, дубора баргаштанд ва бо хешовандони Айёмбеков ба задухӯрд шурӯъ карданд. Вақте худи Айёмбеков ба ҷанг дахолат карда, ҷавононро аз ҳам ҷудо карданӣ шуд, касе аз қафо бо як ашёи сахти вазнин ба сараш зад.
- Зарба хеле сахт буд ва ӯро фавран ба беморхона бурданд. Табибон мегӯянд, ҷароҳат вазнин аст, аммо ба ҳаёт таҳдид намекунад. Писараш дар наздаш аст, мегӯяд, ҳолати падараш мӯътадил аст. Ӯ ҳушёр аст, сӯҳбат мекунад ва худро беҳтар ҳис мекунад ”, - гуфт манбаъи “Азия-плюс”.
Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ аст. Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд.
Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард. Бори дигар номи Толиб Аёмбеков тирамоҳи соли 2018 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар қатори чанд лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон ба ҳузури мақомот даъват шуд ва бо онҳо протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон уҳдадор мешуданд, силоҳҳои худро супурда, аз он ба баъд бо риояи қонун зиндагӣ кунанд ва даст ба нооромӣ назананд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста