Моҷарои шаби 31 декабри соли 2021 байни сардори ШВКД ноҳияи Ҷайҳун ва раиси Суди ин ноҳия рух додааст. Дар ин бора Валӣ Воҳидов муовини прокурори вилояти Хатлон, рӯзи 3 феврал зимни нишасти матбуотии додситони вилоят хабар дод.
Қаблан гуфта мешуд, ки ин моҷаро миёни сардори ШВКД ва сардухтури ноҳия сар задааст ва сардори шуъбаи милиса ба пешонии сардухтур силоҳ гузоштааст.
“Моҷаро шаби 31 декабри соли 2021 байни сардори ШВКД Қурбоналӣ Пӯлод ва раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун Муҳиддинзода сар задааст. Мо ҳодисаро таҳқиқ кардем ва ҳамаи маводро барои чораҷӯйӣ ба ВКД фиристодем. Натиҷаашро ба фикрам Шумо медонед, ки сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Пулод аз вазифааш озод карда шуд”,- гуфт муовини додситони вилоят.
Ба суоли он ки оё вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ё не, муовини додситон кутоҳ гуфт “парвандаро аз ВКД пурсед”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки ин муноқиша байни сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун ва сардухтури Беморхонаи марказии ин ноҳия сарзада аст.
Додситони вилояти Хатлон ба таҳқиқи моҷарои байни сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун ва сардухтури беморхонаи марказии ин ноҳия, шуруъ кардааст, навишта буд он замон Радиои “Озодӣ”
“Озодӣ” 5 январ бо такя ба манъбааш дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ навишта буд, ки шаби 31 декабр соли 2021 моҷаро байни сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Барфи ва сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Ҳомидҷон Абдулҳамидзода сар задааст ва Қурбоналӣ Пӯлод дар пешонаи сардухтур тапончаи хизматияшро монда ва баъдан ду тир ба ҳаво задааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 3 январи соли 2022 Қурбоналӣ Пӯлодро аз вазифа озод карда ва Исроил Ғоибзодаро иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун таъин шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста