Холиёр Нурматов, яке яке аз захмбардоштагони таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сухт дар ноҳияи Қубодиён дар бемористон даргузашт. Дар ин бора "Озодӣ" бо такя ба манобеаш дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Нурматов 41 сол дошт.
Субҳи имрӯз, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ойматов ба “Азия- Плюс” хабар дода буд, ки то соати 8:00 субҳи 22 феврал, вазъи се нафар ҷабрдидае, ки дар шуъбаи эҳёи ду беморхона бистариянд, бе тағйир боқӣ мондааст.
“Ба соати 8:00 22 феврал ҳолати онҳо тағйир наёфтааст. Табибон барои наҷоташон тамоми кушишу имкониатҳоро ба кор бурда истодаанд. Табобати сӯхтагӣ ин дуру дароз аст, дар як муҳлати кутоҳ чизе тағйир намеёбад. Онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд, умед дорем, ки наҷоташон хоҳем дод”,- гуфт сардухтур.
Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, дар маркази ноҳияи Қубодиён, пеш аз асри рӯзи 21-уми феврал рух дод.
Бар асари ин сӯхтор 14 нафар захм бардошта буданд, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд.
Ҳоло бо даргузаште як тан аз се нафаре, ки гуфта мешуд дар шуъбаи эҳё бистариянд, вазъи ду нафари дигар ҳам вазнин гуфта мешавад.
Номи 13 захмии дигари ҳодиса:
- Фахриддин Тағоймуродов – 22-сола;
- Парвина Зокирова – 22-сола;
- Валиҷон Менглиев – 22-сола;
- Раҷаб Маллаев – 24-сола;
- Ҷамшед Тилабов – 25-сола;
- Илҳом Умаров – 27-сола;
- Тоҳир Исмоилзода – 30-сола;
- Марҷона Бекназарова – 36-сола;
- Хуршед Эргашев – 39-сола;
- Дарина – 39-сола;
- Ботир Тағоймуродов – 57-сола;
- Муҳаррам Ҷӯравева – 59-сола;
- Тоҳир Бердимуродов –64-сола.
Сомонаи ВКД кишвар дар шарҳи ин ҳодиса хабар додааст, ки сӯхтор дар сӯхтфурӯшии ҶДММ “Ориён нафт” соати 15:04 дақиқиа 21 феврал сар задааст. Ин ниҳод масоҳати сӯхторро 280 метри мурабаъ гуфта. Ба навиштаи ВКД сӯхтор аз таркиши як зарфи гази моеъ сар задааст, ки дар натиҷа 13 нафар ҷароҳати ҷисмони бардошта, 6 мошин ва ду чорво талаф ёфтааст.
Видео аз корбарони шабакаи Youtube.
Ҷузъиёти дигари ин сӯхтор метавонед дар ин матлаби "Азия-Плю" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста