Дар ноҳияи Муъминобод се кӯдаки хурдсол зери оби яхбастаи обанбор монда, ба ҳалокат расидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи 21 январ рух додааст.

“Тахминан соатҳои 17:30 се писар (2 нафар - 5-сола ва 1 нафар 4-сола), сокинони деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод, ҳангоми яхмолакбозӣ дар болои обанбори сунъии яхбастаи деҳа зери ях фурӯ рафта, ба ҳалокат расиданд”, - иттилоъ медиҳад Кумита.

Гуфта мешавад, ҷасадҳои се нафар кӯдаконро сокинони деҳа аз зери об берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш ҳодисаи ба ин монанд дар Ҳисор рух дод. Ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7-сола,  сокинони деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтанд.

Бо талоши ҳамсояҳо писарбача аз  марг наҷот дода шуда, ҷасади духтар пас аз се соат 30 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шуд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз падарону модарон бори дигар хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, онҳоро аз хатарҳои эҳтимолии гузаштан аз оби рӯду кӯлҳо, ки қабати начандони ғафси яхӣ доранд, огоҳ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.