Бар асари фаромадани тарма дар мавзеи Шош-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чанд нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса субҳи имрӯз рух додааст.
Дар ин бора як манбаъ аз ҷойи ҳодиса ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин ҳодиса, дастикам 4-5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳамин ҳол, ин манбаъ гуфт, ки то ҳол маълум нест, ки онҳо сокинони ин маҳалла ҳастанд ва ё меҳмонон аз манотиқи дигар.
"Ду нафари фавтидагон дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидаанд. Аз субҳ боз дар саросари Хоруғ нерӯи барқ ва об нест", - афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, портали Your.tj бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад, ки дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расидаанд.
Радиои Озодӣ бошад бо такя ба КҲФ хабар дод, ки ду нафар дар зери тарма ба ҳалокат расидааст.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.
“То ин соат 7 сокин, бо шумули як кӯдаки 5 сола, аз зери тарма берун кашида шудаанд. Ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯйи сокинони дигар идома дорад”, - гуфтааст Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии КҲФ ва МГ менависад, ки дирӯз, 14-уми феврал, дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа низ як мошин бо даҳ мусофир ва ронанда зери тарма мондаанд. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набудааст, вале ҳамаи мусофирон ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст ва тарма мошини “Toyota-микроавтобус”-ро бо ронанда ва 10 мусофираш ба соҳили рӯди Шоҳдара партоб кардааст.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста