Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар асари боришоти зиёд ва омадани сел, ярч ва сангрезиҳо хонаҳову муассисаҳои иҷтимоӣ дар чанд ноҳияи кишвар зарар дида, даҳҳо нафар ба маконҳои амн тахлия шудаанд.

Навоҳии тобеи марказ

Ине ниҳод хабар медиҳад, ки шаби 21 ба 22-юми март бар асари боришоти пай дар пай 56 метр роҳи байнишаҳрии деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав зери сел қарор гирифт. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар шаҳри ҳисор низ сел омад. Сел роҳи байнишаҳрӣ дар деҳаи Ҳафтеппаи ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисорро барои чанд муддат бастааст.

Дар деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Нӯъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бошад, дар пайи боришоти борони шадид ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Симиганҷ хатари шуста шудани сарбанди муҳофизатӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ин лиҳод, ба иттилои КҲФ 20 хонавода муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Ҳамчунин, рӯзи 21-уми март соати 16:20 дар шаҳри Роғун бар асари боришоти шадид ярч фаромада, роҳи дохилишаҳриро бастааст.

Вилояти Хатлон

Инчунин, дирӯз, 21-уми март, дар ноҳияи Хуросон низ сел омад, ки дар пайи он 25 бинои истиқоматии шаҳрвандони дар деҳаи Чорбоғ-2 ҷамоати Айнӣ зери об монд. Дар ин ноҳия низ 20 хонавода ба ҷойи амн интиқол ёфтаанд.

Ҳамчунин чанд кӯча ва 5 қитъаи наздиҳавлигии сокинони деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомиро зери об мондааст.

Акс аз КҲФ

Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Якатут ба саҳни ҳавлии 15 бинои истиқоматӣ ва як корхонаи коркарди пахта сел даромадааст. Аз ин минтақа низ 50 нафар ва 30 cap чорвои калони шохдор муваққатан ба ҷойи бехавф интиқол ёфтаанд.

Дар ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Равшанободи ҷамоати деҳоти Носири Хусрав ва деҳаи Гулафшон-3-и ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон низ сел омадааст.

Дар ноҳияи Носири Хусрав 3-4 километрии шоҳроҳи Тоҷикистон-Ӯзбекистон зери сел мндааст.

Рӯзи 21-уми дар пайи борони шадид сатҳи оби рӯдхонаи Ёхсу баланд шуда, пули роҳи мошингарди деҳаҳои Дашти Рубот ва Суони ҷамоати Шуғнови ноҳияи Ховалингро бо регу шағал пур кардааст.

Ҳамчунин, бар асари омадани сел канали Шӯраксой дар ноҳияи Темурмалик маҷрои худро дигар карда, оби он ба ҳудуди бинои Хадамоти оташнишонии ВКД дар ноҳияи Темурмалик ворид шудааст.

Дар ҷамоатҳои деҳоти Корез, Пушинг, Сафобахш ва маркази ноҳияи Данғара низ сел омада, заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳу кӯчаҳоро зери об кардааст.

КҲФ менависад, ки айни ҳол корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Хавф боқӣ мемонад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, то рӯзи 27-уми март дар як қатор навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма, ярч ва сангрезиҳо идома идома хоҳад кард.

Бо назардошти вазъи боду ҳаво, КҲФ аз аҳолӣ хостааст, дар ин рӯзҳо ба назди рӯдҳо нараванд, моҳидорӣ накунанд, ба шикор нараванд ва ҳамчунин аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо худдорӣ намоянд.

Илова бар ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳосил ва ҳезум худдорӣ кунанд.

Аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки қабл аз сафар тавассути роҳҳои кӯҳӣ дар бораи вазъи ҳаво маълумот пайдо кунанд ва ба сафар омода шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.