Дар пайи боришоти шадиди борон ва селхезиҳои ахир хонаҳои садҳо сокини деҳаи Калони ҷамоати-деҳоти Симинганҷи шаҳри Ваҳдат зарар дидаанд. Бошандагони маҳалла чанд рӯз шаби худро дар хонаҳои пайвандон дар маҳаллаҳои дигар гузаронидаанд.

Онҳо даъво доранд, ки дар пайи сохтмони ғайриқонунии корхонаи коркарди сангу шағал дарё маҷрои худро тағйир дода, ҳангоми боришоти шадид сатҳи оби он баланд ва ба хонаҳои онҳо ворид мешавад. Аммо масъулин бо ввуҷуди огоҳи аз ин мушкил ба онҳо ҷиҳати ҳалли мушкил кӯмаке намекунанд.

Раиси ҷамоат мегӯяд, ки сокинон набояд дар минтақаи хавфнок зиндагӣ кунанд.

Дар навори зерин мушкили мазкур муфассал баррасӣ шудааст:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.