Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста шудан дигарбора барои ҳаракати мошинҳо аз ҳарду самт боз шудааст. Вале хатари фаромадани тарма то ҳол боқӣ мондааст. Дар ин бора ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини ин роҳ хабар медиҳад.
Вале ба гуфтаи ин ширкат, танҳо баъди чанд дақиқаи иҷозат додани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ боз 4 тармаи хурду миёна фаромад, ки кормандони он бартараф кардаанд.
“Ҳоло ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт оғоз гардид. Ҳамзамон, ҳушдор медиҳем, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд, зеро хавфи тармафароӣ ҳоло ҳам мавҷуд аст”, - омадааст дар хабар.
Чанд соат қабл, ширкати IRS гуфта буд, ки шаби 2 ба 3-юми март дар ин масир 13 тармаи хурду калон фаромада, боиси баста шудани роҳ гардид. Дар натиҷа 7 мошин зери тарма мондааст.
“Бо кӯмаки кормандони мо 7 мошин аз тарма раҳо гардид, хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Ҷоиз ба зикр аст, ки баландии барф дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур ба 60 сантиметр расидааст”, - хабар дода буд ин ширкат.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 26-уми феврал дар километри 80-уми роҳи Душанбе-Чаноқ як мошини тамғаи “Mercedes Benz” зери тарма монда, дар натиҷа ронанда фавтида буд. Ҷасади ронанда як рӯз баъд, 27-уми феврал аз дохили мошин берун оварда шуд.
Гуфта мешавад, ки ронандаи мошин Шӯҳрат Муминов, сокини 38-солаи деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Варзоб буда дар воситаи нақлиёт танҳо будааст.
Бояд гуфт, роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи кӯҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма соатҳо ва ҳатто рӯзҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.
“Танҳо машварат ройгон, ташхис не!” Маъракаи ташхису муоинаи ройгони тиббӣ чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ кам карда шавад. Онҳо бояд чӣ гуна бошанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2025
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста